ВУСЪАТИ КОРҲО ДАР САМТИ КИШТИ КАРТОШКА
Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ таъмин менамояд. Вобаста ба ин ҷиҳати иҷрои Структураи кишти картошка дар ҳама намуди хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳристон, деҳқонон ба кишти картошка машғул мебошанд. Воқеан картошка яке аз махсулоти аввалияи мардум буда, мақсади асосии деҳқонон таъмин намудани бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо картошка мебошад.
То кунун дар ҳудуди ноҳия дар 207 га заминҳои корам кишти картошка ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.