





ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВИЛОЯТӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯ
Имрӯз дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2025, №234-6а/13тф машварати кории гурӯҳи кории вилоят бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2164 баргузор гардид. Дар машварати мазкур ҳамроҳии Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Исмолизода, намояндаи Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Рустамзода Сӯҳроб Ҳакимӣ иштирок намуданд.
Инчунин дар толор мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейи агросаноатии ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарон ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Исмолизода баромад намуда, вобаста ба моҳияти ворид намудани иловаҳо ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас доданд.
Инчунин, дар бораи дар кадом ҳолатҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шудани шахсони воқеъи ва хуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти машварат аз тарафи роҳбарият ба масулин барои гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба истифодаи нерӯи барқ ва пардохти маблағҳои он дар маҳаллаву деҳаҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастурҳо дода шуд.
.