БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИЮ АДАБӢ ДАР МАВЗӮИ "КОРНОМА ВА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ ҶАНГ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!" БАХШИДА БА 80-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Чоп

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИЮ АДАБӢ ДАР МАВЗӮИ "КОРНОМА ВА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ ҶАНГ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!" БАХШИДА БА 80-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

 

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат маҳфили илмию адабӣ дар мавзӯи "Корнома ва хотираи шаҳидони ҷанг фаромӯш намешавад!" бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур бо муовини Раиси ноҳия Ҷонбойзода Дилноза намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов – муовини Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Солеҳа Олимова – аъзои иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Суюнов Мавлонбердӣ – дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Асрорқулов Сулаймонқул - раиси куҳансолони МИҲД-и ноҳия ва Зоиров Ваҳобҷон - муовини Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия иштирок ва суҳанронӣ намуданд.

Инчунин, дар ҳамоиши мазкур собиқадорони ҳарбӣ, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, раисони кумитаи маҳалла, шӯрои занон, омӯзгорону ҷавонон ва дигар шахсони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Сараввал ҳайати раёсат дар зери маҷмааи муҷассамаи аскари номаълуми деҳаи Ваҳдат ва Ободӣ гулчамбар гузошта, барои хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ як дақиқа ба хомӯшӣ риоя карда шуд. Баъдан 25 нафар хонандагонро дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Ворисони Сомониён шомил карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳайати раёсат ба МТМУ рақами 19-и деҳаи Ободӣ ширкат варзида, дар толори муассисаи мазкур ҳайати раёсат бо иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳа вобаста ба Рӯзи Ғалаба, қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ суханрониҳо намуданд.