ҚАДРДОНИИ ШОҲМОТЧИЁНИ НОҲИЯ
Шаҳмот дар ҷаҳони муосир яке аз намудҳои варзиши фикрии инсон шинохта шуда, ҳамасола навъҳои гуногуни мусобиқаҳо, ба монанди мусобиқаҳои миллӣ, байниқитъавӣ, байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи якчанд асотсиатсияҳо гузаронида мешаванд.
Шоҳмот ба қатори панҷ Бозии асосии байналмиллалии зеҳнӣ дохил мешавад. Комбинатсияҳои шоҳмот хело зиёданд ва барои ғолиб омадан ба ҳариф миқдори зиёди онро аз худ кардан зарур аст. Донистани миқдори зиёди комбинатсияҳо хотираи инсонро қавӣ менамояд, ки аз тарафи мутахасисони соҳаи мағзшиносӣ исбот гардидааст. Инчунин зуддии кори майнаи сари инсони шоҳмотбоз калонтар аст, яъне миқдори зиёди амалҳоро дар як воҳиди вақт дар майнаи сари худ таҳлил менамояд. Аз тарафи дигар, шоҳмот барои қавӣ намудани майнаи сари инсон, яъне барои бехастагии ҷисмонӣ муддати дароз фикр намудан мусоидат менамояд.
Бозии мазкур дар байни ҷавонони ноҳия хеле паҳнгардида буда, тасдиқи ин гуфтаҳо дар мусобиқаи ҷумҳуриявии "Шоҳмот" , ки санаи 06.05.2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, омӯзгори МТМУ 4-и ноҳия Файзуллаева Шоира байни омӯзгорони ҷумҳурӣ иштирок намуда сазовори ҷои 1-ум гардидааст. Инчунин, хонандаи синфи 9-и МТМУ 1 Шодиев Шоҳҷаҳон дар даври ҷумҳуриявии Олимпиада оид ба Шоҳмот иштирок намуда сазовори ҷои 1-ум ва медали тилло гардид.
Имрӯз аз тарафи Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим варзишгарони болозикр бо Сипоснома ва тӯҳфа қадрдонӣ карда шуданд.