-БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НОҲИЯ
Имрӯз зимни сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ширин якҷоя бо Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим аз рафти сохтмони биноҳои МТМУ дар маҳаллаи Ҳазратобод, МТМУ√8- и деҳаи Чилҳуҷра, бинои иловагии Кӯдакистони "Ғунча", ошхонаи МТМУ√1 ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Саробӣ дидан намуданд.