Паёми табрикотии раиси ноҳия ба муносибати Иди Қурбон

Чоп

 

-Паёми табрикотии раиси ноҳия

ба муносибати Иди Қурбон

 

Ҳамдиёрони азиз !

 

Имрӯз мардуми шарафманди ноҳияи Шаҳристон дар қатори тамоми мусулмонони дунё яке аз идҳои муборак ва суннатии худ – иди Қурбонро бо як шодию нишот дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта истодаанд.

Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.

Бо камоли ватандӯстӣ пиру барнои диёр зиндагии созандаву бунёдкорона пеша намуда, ба таълимоти фарзанди фарзонаи миллат Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо садоқати хос имон меоваранд. Чуноне, ки Президенти мамлакат таъкид доранд, мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудааст, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад.

Боиси таъкид аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат  сол аз сол маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, дар арафаи ҷашну идҳо таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат нисбат ба дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ, майдончаи варзишӣ, мактабу кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ, ободонии маҳаллаву деҳаҳо, таъмиру тармими пулҳо, роҳу кӯчаҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаҳои нек табдил ёфта истодааст.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамдигар дасти хайру саховат дароз кардан, дастгирии ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан чун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад. Бахусус, дар шароити имрӯзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо истифода аз ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми неруи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.

Ҳамчунин таи солҳои охир сокинони саховатпешаи мо низ пасандоз ва маблағҳои ба нияти Ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои адои корҳои хайр сарф карда истодаанд.

Боварии комил дорам, ки сокинони ватандӯсти ноҳия таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати зиндагӣ, хонаи обод ва ризқу рӯзии фаровон орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!