АЁДАТИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ТАРАФИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чоп

 

--АЁДАТИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ТАРАФИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05.06.2025сол н.Шаҳристон
Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳристон дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ҳамроҳии Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим якчанд оилаҳои ниёзманд дар арафаи Иди Қурбон бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуд.
Оилаҳои ниёзманд аз ин иқдоми нек хушҳол гардида, баҳри пешравии ватани азизамон даст ба дуои нек бардоштанд.