ИДОМАИ КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

 

-ИДОМАИ КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
04.09.2025сол н.Шаҳристон
Шаҳристон дилҷӯтарин шаҳри замон бояд шавӣ,
Сабзу хурам бошиву ҷаннатмакон бояд шавӣ.
Мардумонат дӯстрӯву хоксору дилкашанд,
Ифтихори мову фахрӣ дӯстон бояд шавӣ.
Иарӯз баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯраев Анорқул 500 метр роҳи маҳаллии деҳаи Ободӣ мумфарш карда шуд.
Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин дар рафти кори ободонӣ иштирок намуда, ба соҳибкори маҳаллӣ миннатдорӣ баён намуданд.