БАИСТИФОДАДИҲИИ 4 АДАД ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БПҲШТДА БА ҶАШНИ 34 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Чоп

 

-БАИСТИФОДАДИҲИИ 4 АДАД ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БПҲШТДА БА ҶАШНИ 34 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
09.09.2025 сол н.Шаҳристон
Баҳшида ба ҷашни 34 - солагии истиқлоли давлатӣ имрӯз бо иштироки Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад иншоот, ошхона дар назди МТМУ рақами 1- и ноҳия барои 250 нафар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории волидайни хонандагон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар муддати се моҳ, бинои хизматрасонии ошхона ва мағозаи хӯроквории "Ҳусенбобо" аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ниёзмаматов Бекмаҳмат ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ, бинои комплекси хизматрасонии соҳибкор Раззоқов Фозил ба маблағи 1 млн 200 ҳазор сомонӣ ва бинои хизматрасонии соҳибкор Абдуллобеков Бобур ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Инчунин, аз тарафи соҳибкор Абдуллобеков Бобур ба 30 нафар маъюбон дастархони идона ороста шуда, аз тарафи Раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.