ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Чоп

 

-ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Мардуми саодатманди ноҳияи Шаҳристон!

 

Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи халқамон Шуморо ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба – яке аз санаҳои муҳиму тақдирсози башарият самимона табрик менамоям.

Рӯзи Ғалаба барои мо на танҳо як рӯзи таърихӣ, балки рамзи ҷасорату шуҷоат, матонату устуворӣ ва садоқати фарзандони миллат ба Ватан мебошад. Дар солҳои ҷанг падарону бобоёни мо бо дилу нияти пок, бо иродаи қавӣ ва бо умеди пирӯзӣ ба ҳимояи Ватан бархоста, барои озодӣ ва сулҳи оянда ҷони худро дареғ надоштанд. Фидокориҳои онҳо абадан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.

Мо бо эҳтироми хоса хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медорем. Онҳо бо корнамоиҳои худ барои наслҳои имрӯзу оянда намунаи олии ватандӯстӣ, далерӣ ва инсонпарварӣ гардиданд. Имрӯз низ, хотираи неки онҳо дар дилҳои мо зинда буда, моро ба ҳифзи арзишҳои сулҳу субот раҳнамоӣ мекунад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Қаҳрамониву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд ҳамеша барои наслҳои ҷавон мактаби бузурги тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бошад.» Ин суханон моро водор месозанд, ки барои ояндаи дурахшон бо масъулияти баланд фаъолият намоем.

Ҳозирини муҳтарам!

Боиси ифтихор аст, ки сокинони ноҳияи Шаҳристон низ дар баробари дигар фарзандони Тоҷикистон дар он солҳои душвор саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Номи онҳо имрӯз бо эҳтиром ёд мешавад ва қаҳрамонии онҳо барои мо ифтихор мебошад.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони ҷанг сафарбар намуд. Аз 260 ҳазор нафар фиристодагони мо барои ҳимояи ватан ва шарафу номуси ватандорӣ дар ин ҷанг шуҷоат ва қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд, ки 92 ҳазорашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштаанд ва 168 ҳазор нафари онҳо қаҳрамонона ба Ватан баргаштанд.

Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ аз ноҳияи Шаҳристон ҳамагӣ 2830 нафар дар ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, 764 нафари онҳо аз ҷанг қаҳрамонона баргаштанд. Боқимонда дар майдони ҷанг баробари намояндаҳои дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри ҳимояи Ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷони худро фидо карданд.

Дӯстони азиз!

Имрӯз, дар шароити истиқлолу озодӣ, мо вазифадорем, ки сулҳу оромии кишварро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Ваҳдату якдилӣ, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа бояд роҳнамои фаъолияти ҳар яки мо бошад. Зеро маҳз бо ҳамин роҳ мо метавонем хотираи неки гузаштагонро пос дорем ва барои пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи шумо – собиқадорони гиромиқадр, меҳнаткашони шарафманд ва ҷавонони умедбахш саломатии бардавом, рӯзгори осуда, хонаи обод ва комёбиҳои беназир таманно менамоям. Бигзор осмони Ватани маҳбубамон ҳамеша софу беғубор бошад ва сулҳу субот дар сарзамини мо поянда бимонад.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад!