ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2024!

Чоп

 

-ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2024!
Мувофиқи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони хоҷагии халқи ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 доир гардид.
Дар ҷамъомади мазкур бо роҳбарии И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Азамат Азимӣ иштирок намуданд.
Инчунин, дар маҷлис фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, сарварони хоҷагиҳо, имом-хатибон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва раисони кумитаи маҳал ширкат варзиданд.
Дар маҷлиси фаъолони ноҳия масъала "Оид ба ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024" мавриди муҳокима қарор дода шуд.