-БАИСТИФОДАДИҲИИ ТАРАБХОНА ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Имрӯз бахшида ба сазовор истиқбол намудани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон тарабхона мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Тарабхонаи мазкур ба маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои 200 нафар дар як замон хизмат мекунад. Инчунин 5 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мебошанд.
И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим зимни суханронӣ қайд карданд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон, баҳри бо дастовардҳои беназир истиқбол намудани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Дар ин радиф дар ноҳия бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин давра 118 адад ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуда, барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон ва ҷорӣ намудани савдои электронӣ даъват ба амал оварданд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз аз тарафи соҳиббкори маҳаллӣ Муродӣ Фирдавс Рустамзода тарабхона ба номи Иброҳим бо тамоми шароити замони муосир мавриди истифодабарии мардуми шарафманди ноҳияи Шаҳристон қарор дода шуд.
Бо истифода аз фурсат ба соҳибкор Муродӣ Фирдавс Рустамзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ изҳор менамоям.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ чунин ташаббусҳои созандагӣ идома дода мешавад ва сокинони ватандӯсти ноҳияи кӯҳнатаърихи Шаҳристон барои пешрафти ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар охир ба соҳибкор Абдураҳмонов Рустам Ҳабибуллоевич ва 3 нафар устоҳои моҳирдаст Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон супорида шуд.