-ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАҲОИ ОБОДӢ ВА СУҒДИЁН!
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имруз дар толори МТМУ рақами 19-и деҳаи Ободӣ, вохӯрии и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим бо сокинон баргузор гардид.
Воҳӯрии мазкур баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Қонунҳо ва Стратегияҳои давлатӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол ва вазифагузориҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ доир гардид.