E-mail Чоп PDF

JanobiOliНоҳияи Шаҳристон ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  буда, ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи сокинонаш имрӯз ба яке аз ноҳияҳои ободу зебо ва рӯ ба инкишофи кишварамон табдил ёфтааст.
Шаҳристон, ки дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст, аз ҷумла мавзеъҳои дар ҳақиқат зебоманзари диёрамон маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ноҳия, воқеан, яке аз марказҳои бисёр қадимаи таърихӣ ва ёдгориҳои зиёди бостонӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги моддии аҳди қадим ва асрҳои миёнаи мардуми мо гувоҳи он мебошад.
Шаҳри Бунҷикат, ки дар замонҳои хеле қадим ҳамчун макони ҳокимони Уструшан дар мавзеи хеле мувофиқи ҷуғрофй ҷойгир буда, дар радифи шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Ҳоло ҷиҳати маҳфуз доштани ёдгориҳои асримиёнагии қалъаҳои Қаҳ-қаҳа як ва ду, инчунин, кушки Чилҳуҷра корҳо идома дошта, шаҳри Бунҷикати қадима барои ҷоизаи "Ёдгориҳои Осиёи Маркзӣ дар Шоҳроҳи Абрешим" ва дохил намудани он ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.
Мавҷудияти даҳҳо ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ, инчунин, табиати биҳиштосои ноҳияи Шаҳристон имконият медиҳад, ки дар ҳудуди он сайёҳии экалогиву табобатӣ, фарҳангиву маърифатӣ, таърихӣ ва варзишиву кӯҳнавардӣ тараққӣ дода шавад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Эмомалӣ Раҳмон

Навгонихо ( 12.05.2021 13:51 )