Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Экстремизм ва терроризм дар маҷмуъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Аммо ин ҳиллаву найранги шахсони “муллову хирадманд” ягон шахс шефта намешавад, зеро парда аз рӯйи ин гуна шахсон кайҳо даридааст ва имрӯзҳо мардуми хирадманду одилу тоҷик ҳадафи ғаразмандонаи шахсони ҷангҷӯро аллакай дарк намудаанд ва басо хуб медонанд. Имрӯз мардум медонад, ки мушкилоти онҳо дар ҳолати сулҳу оштӣ ҳалли худро ёфта метавонад. Мардуме, ки ба даст силоҳ гирифтаанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Бо куштору талаву тороҷ мардумро ба роҳи рост ҳидоят карда наметавонанд.
Омўзгор Н. Қўшоқов