Мутаассифона, дар ин айёми осоиштагии кишвар, хоинони миллат, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддини назҳатӣ боз мехоҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро гирифтори ҷангу ҷидол кунанд. Ин хаёлҳои пучу аблаҳонаи онҳост. Ин гуна шахсон аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кўшиш мекунанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо биёранд.
Имрўз мардуми тоҷик хуб дарк карданд, ки «ҷанг» чисту «сулҳ» чист? Ҳама шукргузори онанд, ки дар чунин кишвари тинҷу ором осудаҳолона зиндагонӣ намуда истодаанд ва намегузоранд, ки ба давлати соҳибистиқлолу сулҳҷўи тоҷик халале ворид гардад.
Таҳмина Наимова