Солҳо аз паси солҳо мегузаранду умри инсон низ мисли об равон аст. Зиндагонӣ ҷовидон нест. Барои ҳамин инсон ба қадри ҳар як лаҳзаи умраш бояд бирасад.
Дар вақтҳои охир аз маҷаллаю рӯзнома ва телевизону шабакаҳо дар бораи гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм—экстремизм, сардорони онҳо Кабирӣ ва дигар шахсони манфур шунида истодаем. Онҳо бо ҳаракатҳои нохалафу таҳдидҳо ба ҳаёти осудаи мардуми мо раҳна андохта истодаанд.
Мақсади асосии онҳо танҳо сарват асту бас. Аммо мо ба фиребу найранги онҳо фирефта намешавем. Чунки мо Ватанро мисли модар мепарастем.
Барои ин мо омӯзгорон ҳар дарс хонандагонро аз ҳаёти сиёсии кишвар огоҳонида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиноси тарбия намоем ва нагузорем, ки ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ пайванданд.