Ба қадрии тинҷиву осудагӣ мебояд расид.

Чоп
Инчунин, барои беҳдошти зиндагии мардум роҳҳо аз нав таъмир ва нақбҳо кушода шуданд. Ифтихор аз Роҳбари ин миллат, Пешво ва Сарвар, ки тавонист дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

Имрўз Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мақоми худро пайдо намудааст. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ буда, асолати башардўстона дорад.

Пешвои миллат дар ҳар як Паёму суханрониҳояшон пайваста аз боби ватандорию ватандўстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ба қадри ин хоку ин сарзамин расиданро таъкид менамоянд. Дар яке аз Паёмҳо маҳз ин нуктаро бори дигар хотиррасон намуданд ва таъкид карданд, ки ба ҳар як гуна дасисаю иғвогариҳои бадхоҳони миллат бовар накунед, ақли солимро ба кор баред ва барои ободию шукуфоии ин сарзамини биҳишосо аз ҷону дил хизмат кунед. Ин ҳама ғамхориҳои падарона ва ташаббускорию бунёдкориҳо меҳри моро нисбати ин сарзамин, ин меҳани ҷаннатосо меафзояд ва бо дилу гарму сари баланд хизмати Ватани азизамонро ба ҷо меорем.