Экстремизм аз калимаи лотини «extremus» буда маънои аслиаш канораҷўӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кўшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрўза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурўҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.
Мо омўзгорон бояд барои пешгирии ҷавонон аз ин роҳи нодуруст бисёртар кўшиш кунем ва оромиву осоиштагии ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.