Бадтарини мардумон он бошад, ки мардумон аз ў парҳез кунанд

Чоп

Хоинони миллати мо, аз он ҷумла Алим Шерзамонов дар хориҷи кишвар истода бо мақсадҳои ғаразноки худ якҷоя бо ҳаммаслаконаш мехоҳанд вазъро ноором созанд.

Ҳар ки ўро пеша бадхўӣ бувад,

Кори ў пайваста бадрўӣ бувад.

Хўи бад бар тан балои ҷон бувад

Мардуми бадхў на аз инсон бувад.

Имрўз тамоми сокинони кишвар хуб эҳсос мекунанд, ки Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ў, яъне Мамадбоқир Мамадбоқиров ҳамчун зархаридони хориҷӣ кўшиш доранд, ки мисли Иблис ҷойи ободро вайрон, муҳити тинҷро ноором созанд. Зеро ки пешаи онҳо бадхўиву вайронкорист.

Онҳо мисли мор ҳастанд. Мор ҳарчанд пўсти худро гузорад, аммо хўи худро намегузорад.

Ин морсиратон пешравию тараққиёти Тоҷикистон, зиндагии осудаи сокинони кишварро нахоста, мақсад доранд, ки боз ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ-ро такрор кунанд.

Дар урфият мегўянд, ки «Бадтарини мардумон он бошад, ки мардумон аз ў парҳез кунанд». Имрўз сокинони кишвар ҷонибдори сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Алим Шерзамонов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва пайравони онҳоро аз бадтарин инсонҳо ҳисобида, аз амалу рафтори хоинонаи онҳо парҳез мекунанд. Зеро онҳо чун гадоҳои беватан дастнигари хоҷагони хориҷианд.

Онҳо агар одам мешуданд, бо мардум аз пайи ободии диёри худ мешуданд, на аз пайи паст задани шаъну шарафи миллӣ.

Ба мардум даромез, агар мардумӣ,

Ки бо одамӣ хўгар аст одамӣ

Сокинони кишварамон заҳматкаш, ҳимматбаланд буда, дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ бо заҳмати худ ризқу рўзӣ пайдо карда, дар ободонӣ ва гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон сарҷамъона саҳмгузор гардида истодаанд.

Хоинони миллат бояд дарк намоянд, ки;

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ

Дандонҳо сангро ба ҳам мешаканд.

Тоҷикистониён имрўз муттаҳид буда, хуб медонанд, ки хоинони миллат муттаҳид нестанд ва раҳи ақлро муътақид нестанд. Далел аз ин гуфтаҳо аз тарафи ҳаммаслакони худаш кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров мебошад.

Имрўз ҷавонони мо ҳушёру зиррак буда, бо рўҳияи баланди ифтихори миллӣ бо шукргузорӣ аз истиқлол ва таҳкими сулҳу ваҳдат хуб дарк мекунанд, ки хоинони миллат чи қадар дар хориҷи кишвар бадгўӣ кунанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопок ва хиёнаткоронаи худ намерасанд. Зеро дигар обу хоки Тоҷикистон ба онҳо насиб намегардад. Ҷасади онҳо луқмаи паррандаву даррандагон хоҳад шуд.

Агар бадгўй наздики ту ояд,

Бирон ўро зи наздикат, нашояд.

Шоаҳмедов И. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон