Яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеъаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайриқонунӣ ҲНИ буд. Ин ҳизб мамнӯъгардида, дар ибтидои солҳои 1992 ва 1997 дар Ҷумҳурии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошави созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо мақсаду ниятҳои нопоки худ буд. Раёсати ин ҳизб танҳо мақсади бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирори ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб намудааст, ин миллатфурӯш ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз он ҷойҳо ҳам ором наистода мехоҳад ба амнияту осоиштагии мо монеъа эҷод кунад.
Бузургон қайд намудананд, ки:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе ки ҳаст дар мусалмони мост.
Оре унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар ҳақиқат ӯ ба миллату аҷдоди худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манифатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба амалҳои ношоям даст задааст. Агар ба хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши дини ислом мебошад. Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми тоҷик дарк намуда, ба ин миллатфурӯш лаънат мехонанд, ва ҳамагон хуб медонанд, ки ӯ ташкилкунандаи ҳодисаи сентябри соли 2015 мебошад.
Ман бовари комил дорам, ки миллати тоҷик ба чунин дурӯғҳо ва сафсатаҳои Кабирӣ гӯш намедиҳанд, чунки ниятҳои ғаразноки ӯ ба ҳамагон маълум гаштааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надиҳем ва барои гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоем ва онро аз ҳар гуна шахсони ҷоҳил, милатфурӯш, кӯрнамак мисли Кабирӣ борин аз хоинон ҳифз намоем.
Ин фитнагарон боз бо найранги дигар,
Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.
Мутахассиси пешбарӣ бахши дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
МИМҲД-и н. Шаҳристон Юнусов Носирҷон