Маҳз қудрату тавонноии мо барои ҳифзи ватан ба ҷавонон алоқамандии ногусастанӣ низ дорад. Ватандории мо тоҷикон буд, ки таърихи мо то кунун дар вирди забонҳо зам-зама мекунад. Спитамене, ки Искандари замонро ба ҳайрат гузошт, он Муқаннаи пурдил буд, ки арабҳоро ба ақибнишиниву нигаронӣ маҷбур сохт. Фарзандони фарзонаи миллати мо чун Темурмалик, ки баҳри ватан ҷонисорӣ кард ва сари худро дар назди аҷнабиён фуруд наовард.Восеъи замон замоне қудрати мо тоҷиконро бо ҷавонмардиву тавонноии хеш ба саҳми ҳамагон нишон дод.
Пас ин ватанро чар дӯст надошт ва барои ватан чаро хизмат накард. Ҷавонмардии мо дар ҳамон вақт маълум мегардад, ки мо камари ҳиммаат баста бошем ва бо тавонноиву рӯҳи болида марзу буми ин ватанро ҳифз намоем. Барои якпорчагии ин сарзамини аҷдодиямон ҷони худро нисор намоем ҳам арзанда аст. Мо аз аҷдодони ҷаҳонгирифтаи Сомонӣ ҳастем, мобаҳри касе ё баҳри баҳри чизе бар зидди душманон боре ҳам лашкар накашидем. Аммо аҷнабиёне чун муғулу турк ва араб зидди мо маломату сарсахтиҳои зиёдро бор кард, вале мо тавонистем бо рӯҳи болида ва хизмати шоями фарзандони фарзонаамон миллату сарзаминамонро аз бегонагон ҳифз намоем.
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сўи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.
Мо тоҷикон чӣ дар ҷавонмардӣ чӣ дар ҷудрат ва чӣ дар давлатдорӣ аз замонҳои хеле қадим тавонно ва пешсаф будем. Вақте, ки таммадуни мо ориёиҳо рушт кард, ҳоло тамаддуни бархе кишварҳои пешрафтаи имрӯза вуҷуд надошт. Дар ин замина мол дорои адибону мутафаккирони бузург чун Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ ва дар замони муосир дорои Айнӣ, Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон будем, ки онҳо баҳри ин миллат хизмати ногусастаниро анҷом додаанд. Нигоштаҳои онҳо сарчашма ва пойдевори таъриху шиносоии мо мардуми соҳибҳунар аст.
Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму муроҷиатҳои хеш ба мо насли ҷавон мегӯянд, ки то ба қадри ин миллату ин сарзамин бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Хизмат ба ватан кардан ин хизмат ба модар кардан аст. Хоки ватанро аз тахти Сулаймон хуштар мегӯянд. Воқеан қадру қиммат ва ҳастии ин сарвати бебаҳо барои мо мамлакати азизамон Тоҷикистон аст. Ҳоло дар минтаққаҳои ҷаҳон миллатҳое зиндагӣ мекунанд, ки таърих, сарзамин ва давлати худро надоранд. Хушбахтона о дар арафаи ҷашн гиифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорем. Оре ин бахт ва саодатмандии мо тоҷикон аст.
Мо ҷавонон дар ин замина барои хизмат ба ватан ва набаромадан аз боварии Пешвои миллати хеш кӯшиш кунем. Гузаштагони мо ҳама сарбаланду нотарс ва далер гузаштанд ва моро низ ба ин руҳия омода кардаанд. Барои якпорчагии Тоҷикистон ҳар коре аз дастамон меояд ба сомон расонем. Баҳри ободии диёр, озодии сухан, нигоҳ доштани тамаддуни халқи тоҷик ва ҳифз намудани мероси адабиву фарҳангӣ камари ҳиммат баст. “Ман ватанро дӯст дорам беш аз ҳаррӯза”, бигзор ҳар рӯз аввалин сухане, ки дар вирди забони мо садо диҳад, ҳамин калима бошад.
Мутахасисси пешбари
бахши кор бо ҷавонон ва варзиши
ноҳ ияи Шаҳристони Шаҳзод Қаюмов