Терроризм ва экстремизм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ мерасонад.

Чоп

 

 

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар замони имрӯза вирди забони мардуми олам шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам хело пайваст ва алоқаманд мебошад.

Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан ва аз андоза гузаштан аст, ки ба терроризм оварда мерасонад.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, бо бераҳмӣ куштори зиёди одамон, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедиҳо афкандан аст.

Тайи чанд солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи террористии худ вазъӣ сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст.

Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимои ва динӣ, гардидааст.

Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ, вайронкорӣ ва ихтилофоти мазҳабию низои миллӣ оварда мерасонад.

Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм»-ро қабул намудааст. Мақсади қонунҳои мазкур ин пешгирӣ ва решакан намудани ҳамагуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Аз ин хотир, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори  ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабуд сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамадинтарин, фарҳангтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз, нишонаҳояш ба назар мерасад.

Дар мулоқотҳои худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни хатари муосир сухан ронда, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ироқу Сурия таваҷҷуҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуданд.

Дар робита ба ин дар назди ҷомеашиносони кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ, таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳавулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои руз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, ба яке аз масъалаҳои доғи руз–интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгар ва экстремистӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, ки бесабаб нест. Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад.

Тавре, ки Президенти кишвар таъкид намуданд, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Умуман таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як бадхоҳи халқу миллат бо амалҳои зишт ба мақсади нопокаш нарасидааст. Аз ҷумла, террористон, ки дар бисёр мамолики дунё бо содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги чандин одамони бегуноҳ гаштааст, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок  гарданд ҳам, дар ниҳояти кор шикаст мехуранд ва халқ онҳоро ҳаргиз намебахшад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди солими ҷомеъаро лозим аст, ки сулҳу субот ва тинҷию оримии имрӯзаи кишвари азизу маҳбубамонро қадрдонӣ намуда, барои пойдор гаштани ин сулҳу субот тамоми донишу илм, фарҳанги болои ориёии хешро нишон диҳад. Инчунин ба дигарон низ дарси ибрат нишон дода, барои миллату ватани азизамон Тоҷикистон содиқона кор ва фаъолият намояд. Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон ҳаргиз фирефтаи душманони аҷнабӣ нагардад. Аз оила оғоз намуда то тамоми наврасону ҷавонон, наздику пайвандон ва  шиносу ақрабон доимӣ фаҳмонад, ки ба дасисабозиҳои ашхоси фурухташудаи миллат бовар накунанд ва ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ботили онҳоро дастгирӣ накунанд. Ақли солим, чашми хирадро ба кор бурда, аз фарҳанги болою беолоиши гузаштаи ниёгонамон фахр бояд кард ва доимо бо сари баланд ва номи неки тоҷикона умр басар бурд. Чуноне, ки Раисул - шоирон устод Рудакии бузург фармудааст.

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бадон чашм, к-андар он нигарӣ.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

 

дастгоҳи Раиси ноҳия                      Муҳиддинов Б