Ваҳдат-муттаҳид ва сарҷаъмӣ

Чоп

 

 

Оре, ваҳдату ягонагӣ пойдевори асоси сохтмони тамоми хушбахтиҳои рӯйи олам аст. Агар он кишваре, ки парчами сулҳро дар манотиқи кишвараш парафшон нигоҳмедорад, бояд тазакур дод, ки он кишвар орому осуда дар масири созандагӣ қадам мениҳад. Аммо сулҳба осонӣ ба даст намеояд, зеро барои соҳиб шудан ба ваҳдату ягонагӣ хеле заҳмату талошҳои ҷонгудоз бояд кард. Дар ҳамин сарнавиштҳои гуногунпаҳлӯи ҳаёт ба сари мардуми тоҷик низ рӯзҳои сахт ва  нангине фаро расид.

Тоҷикон ҳамчун мардуми шӯравӣ дар ҳайтаи давлати бузурги қарни гузашта Иттиҳоди Шӯравӣ як халқи меҳнаткашу тавонно дар арсаи ҷаҳон арзи вуҷуд мекард, вале сарнавишти 70-солаи давлати бузурги комунистӣ рӯ ба завол ниҳод. Пас аз пош рафтани мамлакатҳои понздаҳгонаи шӯравӣ Тоҷикистон низ дар ҳамин раванди пошхӯрӣ соҳиби истиқлолияти хеш гардид. Аммо мо ҳоло маззаи соҳибистиқлолиятро начашида ба сари мардуми озодагон бадбахтиву завол фаро расид. Ин дар таърихи тоҷикон абри сиёҳу тӯфони душман на, балки бародари тоҷик зидди дигар бародари тоҷик силоҳбардошт, ин зарбаи шадид ба халқи кӯҳани мо шуд. Тавре мегӯянд:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ҳар чӣ бо ман кард, он ошно кард.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гӯё маркази муборизаву ҷангҳои шадиди мухолифин ва ҳукуматдорон, марзи дасисаҳову сардияти беитмо гардид. Чанде аз тарси бими ҷон бесухан буданд, чанде соҳиби минбари худ шуда, аз шаҳду шакар ва заҳру хатар гап мезаданд. Нишона аз сулҳу озодӣ дар рӯҳияи мардуми тоҷик ҳеҷҷой намешуд. Онҳо шояд кайҳо аз умеду оромонҳои худ даст кашида ба ғояи “Як рӯз бошад ҳам шоҳона зиндагӣ кун” амал карданд, ки ин дар натиҷа ба сари миллат порахӯриву ришва ва нокасиҳои нохалафонро ба бор овард. Мардуми ҷануби Тоҷикистон аз бенони хӯрданд ҷувориву гиёҳҳои заҳролуд, роҳи шимолро бастанд, ки роҳи васли ҳамдиёр баста шуд. Мардум фирорӣ шуданд, ҳазорҳо зану кӯдак роҳи афғонзамину ӯзбекзаминро пеша карданд, ки ин шӯртарин ҳаёт дар сари мардуми тоҷик буд ва мусибат чу борони нафрат беист ба саргаҳи ин милати кӯҳанбунёд меборид. Он вақт гшоядҳамин ҷумлаҳо зеби даврон буд:

Месӯхт дили мо ба сагу пишаки кӯча,

Ҳоло дили инсон ба инсон насӯзад.

Чанде аз мамлакатҳои Машриқу Мағриб Тоҷикистонро аз рӯйхати худ хат заданд, чашм бар мекарданд, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳамешагӣ нобуд хоҳад шуд ва номи тоҷикон дигар ҳамчун миллат ба по нахоҳад хест, аммо бархе кишварҳои дӯсту бародар тавонистанд дар ин рӯзи сахту муташанниҷмо тоҷиконро дастгирӣ намоянд. Майдон аз далер аст, далери кун, ин шиорро ман ба далерон ва шуҷоъатмандони ватан чун Пешвои миллатам равона месозам, ки ин марди майдон, қаҳрамони Тоҷикистон бо далериру ҷасурӣ ва хирадмандиву меҳрубонӣ тоҷиконро сарҷамъ ва замина пора-пора гаштаро Тоҷикистон сохт. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми рӯҳафтодаву ноумедгашта, аз нав умеду орзуи навин ва умри дубораи хушбахтиро ҳадя намуданд. Ин кори осон набуд, ки ҷони худро фидо кард, аз тамоми сангу туфон натарсид, мусибату гуруснагиро бо ғамхорӣ поён нишинонд, қаҳтиву сахтиро бо нармиву муҳаббати мардонагӣ мағлуб кард, одамрабоиву золимиро бо матонату сарбаландияш шикаст, ин марди майдон Пешвои мо тоҷиконаст, ки мо ифтихор мекунем. Сухани тиллоии сарвари ояндасозамро ҳар лаҳза тамоми Тоҷикистон ба забон меноранду меболанд: Ман ба шумо сулҳмеварам. Танҳо ҳамин калима ва амалӣ қаҳрамоннонаи Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз фаношавӣ раҳонид, Тоҷикистонро аз нестшавӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон эмин нигоҳдошт. Парчами сулҳро парафшон намудем, Тоҷикистон куллан дигар намудем. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистон ҳамчун кишвари амтарини ҷаҳон ва беҳтарин аз ҷиҳати сайёҳӣ ва тоззагии табиати софу мафтункораш мешиносанд. Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони миллали Муттаҳид бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ нуфузи хеле калонро сазовор гардид.

Ҳоло бошад дар ҳавои сокиту ороми диёр, дар назди соҳилҳои дарёи мусаффои сарзаминамон мешинему он лаҳзаҳои таккондиҳандаи қалбро як-як аз назар мегузаронем ва ба он рӯзҳои бадбахту сиёҳи таърих лаънат мехонем  Шукрона аз ҳамин кишвари азизамон мекунем. Тоҷикон ҷангро дид, қаҳтиву сахтиро дид, мутмаин аз онем, ки барояшон дарси адабу дарси ҳаёт шуд. Имрӯз моро мебояд ба қадри ҳаор як рӯзҳои шодиву нишон бирасем, ба қадри имкониятҳои фарролх бирасем, муҳимтар аз ҳама ба қадри озодӣ бирасем.

Шукронаи сулҳу субот, оромӣ, хандаҳои бекаронаи кӯдакон ксро ба шавқу рағбати беандоза мубаддал месозад ва дили касро ба зиндагӣ гарм месозад. Мо имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибэҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешавем. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бирасем. Бузургон гуфтаанду фармудаанд: “Қадр қадр талаб мекунад”, пас барои боқадру инсони комили ин диёр будан ба қадри ҳар як қатраҳои оби зулоли ватн бирас, ҳар як кафи хоки ватанро ба чашми худ тӯтиё намо.

Дарк кун, мо озодем. Ба пеши чашм ор, бо ғояе зиндагӣ кун, ки мо фармонбардори дигар халҳо нестем. Моро касе идора намекунад мо давлати озод, демократӣ ва дунявӣ ҳастем. Шабу рӯз да кӯчаҳои кишвар бо қалби пуру шодиву сурур сайру гашт мекунем, дар сари дастархон бо аҳли оилаи худ бахтиёрем, дар донигоҳҳои олии кишвар новобаста аз гӯшаҳои дурдасти деҳот бошем ҳам мехонему муваффақ мешавем, ин ҳама самараи беназири сулҳаст.  Мо сарвари оқил чун Пешвои миллат дорем, боиси ифтихори мост ва асосгузори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки барои мо тоҷикон хизматҳои бениҳоят бузургро сомон додаанд.  Пас мо насли наврас бо тамоми ҳастии худ барои Ватани азизамон хизмат намоем ва номи кишварро дар баландтарин қуллаи само ҷой диҳем чун кавкаби нурбор дурахшон бимонад.

 

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон                  Қаюмов Шаҳзод