Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

Чоп

 

 

Терроризм ва эктрамизмро маҳкум аенамоем!

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо ё шахсони алоҳида бо истифода қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеъа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву  фарогирии терроризм ба шаклҳо зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Амалиёти террористӣ аз қисматҳои иборат мебошад: ғояҳо ва омилҳои сиёсӣ, фаъолияти зӯроварӣ, амали террористӣ. Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризи иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад.

Доғи ҷаҳони имрӯза!

Қишрҳои амну ороми олам, ба хусус давлатиҳои мусулмонии шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ҷидол, ноороми ва парешони гирифтор шуда истодаанд. Бо баҳонаи маккоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо ва демократикунонии ҷомеъаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, аз он ҷумла занону кӯдакону мӯйсафедонро қатл мекунанд, милионҳо сокинони сайёраро бехонаву дар месозанд, боз аз динӣ ислом сухан гуфтаву номи неки исломро сиёҳмекунанд. Аслан дар рӯи замин дар ягон дину мазҳаб қатли инсон ва ранҷу озор додани касе ҳамчун амали нек пазируфта нашудааст. Ҳамсолони азиз мо бояд огоҳбошем, ки ягон ҳаракатҳо, гурӯҳҳои террористию экстрамистӣ ва ифротгароӣ ба роҳи хушбахти ё амалҳои нек нигаронида нашудааст. Тамоми намудҳои чунин гурӯҳҳо танҳо ва танҳо ғоратгароӣ, қаллобӣ, қатли шахсоне бегуноҳ, таркишҳо ва таҳдидҳоро ба амал меоранд, пас ин амали онҳоро ягон шахс наметавонад гуфт, ки амали не каст.

 

Сармутахассиси Бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон       Фарҳод Ҷӯраев