ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ВА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Чоп

 

 

Вазифаи муқаддаси ҳар як волидайн ва омӯзгору ҷомеа дар Тоҷикистон ин аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватани азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, мубориз бошанд. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дастиҳои гурӯҳҳои ифротгариву манфиаталаб нашавнд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилохои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар боло зикр шуд, ифротгарӣ ва терроризм дар ибтидо асосҳои маънавии ҷомеаҳоро хароб менамояд. Ин зуҳурот бо амалҳои ғайриинсониашон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дин, фарҳанг, расму ойин, сиёсат, илм ва идеология таъсири манфӣ мегузоранд мавриди зикр аст, ки дар таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд. Онҳо ин андешаҳои нопокро бештар миёни ҷавонони тиҳимағзу беҳувият, ки ба қавле, дӯстро аз душман фарқ намекунад, мехоҳад интишор намоянд ва эшонро ба доми хеш афкананд. Даст ба ҳам додаву коми насли наврас ва ҷавонро аз илм ва маърифати ахлоқ сероб намоем, он гоҳбо боварӣ метавонем гуфт, ки ҳеҷсиёҳкоре наметавонад иродаи матини моро бишиканад.

Аллома Иқбол фармуд, ки:

Аҳли халқро зиндагӣ аз қувват аст.

Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши ноҳияи Шаҳристон                                  Ҷӯраев Фарҳод