Зани муосир дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо дошта, бояд дар ҷомеа худро озоду мустақил ҳис кунад, ба қувваи худ боварӣ ҳосил намояд, зан бояд аз асли худ дур наравад. Хислатҳое, ки ба зан зебандаанд, амсоли боадабӣ, хоксорӣ, хушхӯйӣ, бовафоӣ, дурандеширо дар худ таҷассум карда тавонад. Кибру ғурур, бахилӣ, нотавонбинӣ, ғайбатро аз замири худ дур намояд.
Занони тоҷик дар роҳи вафо устуворанд ва аз пастиву баландиҳои зиндагӣ намеҳаросанд. Вафодоранд ба оила, давлату миллат. Ҳамзамон, қонунҳои амалкунандаи давлату ҳукуматро риоя карда, аз рӯи талаботи он кору зинадгӣ доранд.
Бояд гуфт, ки бонуи тоҷик саодатёр аст, зеро дар давлате зиндагонӣ дорад, ки миллаташ қадимаву тамаддунофар ва фарҳангпарвар аст. Модари тоҷик фарзандонеро ба камол расонидааст, ки имрӯз аз донишу тафаккури онҳо ҷаҳониён сабақ меомӯзанд.
Мутахассиси бахши кор
бо занон ва оила С. Муллоева