Покистон ҷумҳурии исломӣ аст. 75% - и аҳолиаш ба мазҳаби суннӣ ва 20% - аш ба мазҳаби шиаи дини ислом итоат мекунад.
Қисми ками аҳолии Покистон ба дини христианӣ, индуизм, буддоӣ ва сикхӣ итоат мекунанд.
Агар ба таърихи Покистон назар кунем, мебинем, ки халқи Покистон аз қадим азияткашида аст.
Покистон 14 августи соли 1947 аз ҳайати Ҳиндустон ҷудо шудааст. Аз 23 марти соли 1956 бошад дар хатирати сиёсии ҷаҳон ҳамчун Ҷумҳурии Исломии Покистон маълум аст. Ҳамон солҳо дар Сарқонуни ин давлат қайд карда шуда буд, ки Президенти Покистон бояд мусулмон бошад. Лекин бо навиштани ин ҷумлаҳо дар Сарқонуни Покистон ба халқи худ тинҷӣ, осудагӣ ва ҳаёти осоиштаро дода натавониста истодааст.
Аз соли 1958 то соли 1971 генералҳо Аюбхон ва Яҳёхон дар Покистон ҳукмронӣ менамуданд ва аз амалиётҳои нодурусти онҳо халқи оддӣ азият мекашид. Воқеаи нангин, ки дар таърихи 16.12.2014 дар шаҳри Пешовар ба амал омад, дили аҳли ҷомеаи омўзгорони мактаби моро сахт ранҷуру озурда намуд.
Бо шунидани ин воқеаи хунин ба хотири ман беихтиёр тақдири фоҷеаи Накбатбору малолангези Валлоҷу Валка (Абдумалик Зуҳурӣ, Ҳақиқати Суғд 28.10.2014) омад.
Агар дар ин қиссаи ғамангез 2 нафар шогирди бегуноҳ аз дастаи Муллозариф дар яке аз деҳеҳои зебоманзари Зарафшон кушта шуда бошад, шумораи фавтидагони Пешовар ба 150 нафар мерасад. Аз ин воқеаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки терроризм давлат, миллат ва сарҳад надорад. Аҳли ҷомеаи омўзгорон ва хонандагони мактаби мо ин ҳодисаи ғамангезро сахт маҳкум менамояд.