Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои наҷодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидатунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:
• сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
• моддӣ;
• идеологӣ;
• хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
• пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
• ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
• коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
• хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
• поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
• дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
• фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад. таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.
«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як «устон»-и воҳид бо номи «Хуросон» мунъакис шудаанд. [2]
Тибқи гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (ICG) таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: Тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» «мушкили печида» барои ҳукуматҳои ин қаламрави собиқи Шӯравӣ номида шудааст.
Дар ин гузориш, ки рӯзи 20 январи соли 2015 нашр шудааст, гуфта мешавад, «маргинализатсияи сиёсат ва ояндаи тираи иқтисодӣ» танҳо дар 3 соли охир тақрибан аз 2 то 4000 нафарро таҳрик додааст, «то ба ҳукуматҳои дунявии ин кишварҳои пасошӯравӣ пушт гардонда, дар созмонҳои тундгаро ягон алтернатива биҷӯянд».[3]
Созмони «Давлати исломӣ», бино ба ин гузориш, «на фақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки ҳам онҳоеро, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад.»
Қодир Маликов, директори маркази мустаъқили таҳлилии "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат" аз Қирғизистон рӯзи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки созмони “Давлати исломӣ”, ки дар Сурияву Ироқ бо ҳадафи таъсиси хилофати воҳиди исломӣ меҷангад, барои ба ҳам задани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Қодир Маликов мегӯяд, “Давлати исломӣ” дар ҳайаташ гурӯҳи ҷангии алоҳидае бо номи “Мовароуннаҳр” созмон додааст, ки ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки ин 70 миллион бояд барои ташкили шӯъбаҳо, ҷалби афрод ва ҳатто анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи водии Фарғона истифода шавад.» [4]
Тибқи маълумоти роҳбари маъмурии Ироқ Фуад Ҳусейн шумораи аъзоёни ин созмон то моҳи ноябри соли 2014 зиёда аз 200 000 нафар муайян карда шудааст.[5]. Дар асоси маълумоти Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Росия (800 то 1700 нафар шаҳрвандони рус) [6], узви Ҳизби Лейбории Великобритания Холид Маҳмуд (наздики 1500 нафар шаҳрвандони Великобритания) [7], роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Олмон Томас де Мезҳер (650 нафар шаҳрвандони Олмон)-ро муайян намуданд.[8].
Бино ба маълумоти расмӣ дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон меҷанганд. [9]
Рӯзноманигори радиои «Озодӣ» Зарангези Наврӯзшоҳ дар мақолаи худ «Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст», қайд кардааст, ки 02 апрели соли 2015 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳамоиш дар мавзӯи “Ҳамкориҳои ҷавонон бо мақомоти дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ” баргузор гашт. Дар он масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи дин ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бо ҷавонон суҳбат оростанд.
Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.[10]
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. [11]
Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад.
«Ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синнусолии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад». [12]
Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд.
Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.
Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.
Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағйирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Ин вазъият ҷавононро бо мавқеи нобаробар бо дигар гурӯҳҳои бештар ташаккулёфтаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири омилҳои идеологии беруна дар тафаккури сиёсии ҷавонон пайдо шуда, аксар вақт тобиши сиёсӣ мегирад.
Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад.Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад.
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.
Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. бамонанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, Китобхонаи миллӣ бо таҷхизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд генерал Шариф Назаров, дар ду моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 52 аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки 16 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт. Генерал Назаров афзуд, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тайи солҳои 2010 – 66 нафар, 2011 – 73, 2012 – 5, 2013 – 31, 2014 – 84 ва 2 моҳи сипаришудаи соли 2015 - 52, ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурруҳҳои мухталифи террористиву ифротӣ боздошт кардаанд: "Аз ҷумла 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, 68 узви ҷамоати “Ансороллоҳ”, 31 аъзои ҳизби динӣ-экстремистии “Ҳизб-ут-Тахрир”, 13 узви равияи динии “Салафия”, 12 аъзои ҷамоати “Ҷундуллоҳ”, 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии “Даъват-ут-таблиғ”, ки дар ҳайати 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд ва далелҳои шайъии тасдиқкунандаи харакатҳои ҷинояткоронаи онҳо дарёфту мусодира ва нисбат ба аъзои ин гуруҳҳои ҷиноӣ бо дастрасии талаботҳои моддаҳои 187, қисмҳои 1 ва 2, 401 иловаи 1, қисми 1, 347, қисми 2, 307 иловаи 2, 195, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”.
Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.
Номбурда зимнан таъкид намуд, ки 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: “10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд”.[13]
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов дар сӯҳбати расмияш бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки 11 апрели соли 2015 баргузор гашт, аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия гуфта гузашт. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳоло аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доранд. [14] Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.
Илова бар ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, аксари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун пош мехӯранд, ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳоии ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.
Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.
Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:
ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба даст овардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон;
ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;
ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди сотсиаликунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;
баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ;
ба ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон;
баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;
таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Натиҷаи ин кор бояд чунин бошад:
• ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандустӣ нигаронида шудааст;
• рушди корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат равона карда шудааст, ташаккули маҳорати ҳамгироии иҷтимоӣ, малакаи таҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар;
• баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати экстремизм (ифротгароӣ)-ро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд;
• танзими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирикунанда, бо усулҳои сиёсӣ,
ҳуқуқӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҳамбастагии мураккаби онҳо;
• маҳдудияти иҷтимоии гуруҳҳои террористӣ, маҳрум намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани онҳо аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои қонунӣ ва ҷиноятии террористон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла, маҳдуд кардани террористон аз манбаъҳои пурра кардани силоҳ ва воситахои техникӣ, воридот ва фурӯши яроқ;
• ошкор ва бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳои пайдоиши терроризм, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии қувваҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идоракунии марказонидашуда оид ба тамоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи амалишавии чорабиниҳои ҳарбӣ, махсус ва идеологӣ.
Ҳамин тариқ, стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад.
Сохтори давлатӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, системаи амалкунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад. Субъектҳои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз ҷумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсия, Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, аз инҳо иборатанд:
• Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо Коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.