Доғи ҷаҳони имрӯза!
Қишрҳои амну ороми олам, ба хусус давлатиҳои мусулмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ҷидол, ноороми ва парешони гирифтор шуда истодаанд. Бо баҳонаи маккоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо ва демократикунонии ҷомеъаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, аз он ҷумла занону кӯдакону мӯйсафедонро қатл мекунанд, милионҳо сокинони сайёраро бехонаву дар месозанд, боз аз динӣ ислом сухан гуфтаву номи неки исломро сиёҳ мекунанд. Аслан дар рӯи замин дар ягон дину мазҳаб қатли инсон ва ранҷу озор додани касе ҳамчун амали нек пазируфта нашудааст.
Ҳамсолони азиз мо бояд огоҳ бошем, ки ягон ҳаракатҳо, гурӯҳҳои террористию экстрамистӣ ва ифротгароӣ ба роҳи хушбахти ё амалҳои нек нигаронида нашудааст. Тамоми намудҳои чунин гурӯҳҳо танҳо ва танҳо ғоратгароӣ, қаллобӣ, қатли шахсоне бегуноҳ, таркишҳо ва таҳдидҳоро ба амал меоранд, пас ин амали онҳоро ягон шахс наметавонад гуфт, ки амали некаст.
Мо ҷавонон бояд барои рушди кишвари азизамон ҳиссагузор бошем, ифтихор дошта бошем, ки фарзандони Тоҷикистони офтобрӯя ва озод ҳастем.
Шаҳзод Азимзод,
мутахассиси пешбари
Бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Шаҳристон