Падидаҳои номатлуби замон

Чоп

 

 

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хас нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо омӯзгорон дар дили шогирдони худбояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судмандмуваффақ нагардад хатари терроризм ва ифротгарӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба Ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои оромикишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳо ба ҳалқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона карда шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳо “исломӣ”-и ватанӣ, ин чунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллити худ барангезанд.

Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама шиорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо ба наврвсону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем тамоми кӯшишҳоро ба ҳарҷ диҳем, то ки ватани худро аз дасти душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву некӯкорист.

Дар ҳақиқат терроризм пидидаи номатлуби замони муосир буда фаҳмиши он дар содир кардани ҷинояти вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ӣа гаравгони гирифтани одамон, тарконидани  иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, иифротгарои ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилот хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар аст.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунар и муосир, ҷиддияту меҳнатдӯсти ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони  сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда аниқ дарк наоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоаи нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия                                    Муҳиддинов Б.