16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.
Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маънояш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.
Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Бобокалонова З