Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда,бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷҳилу нотавонбин истифода мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғаспи ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад»
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Бобокалонова З