Ҳоло аксари мардуми кишвар хуб дарк кардаанд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай, амнияти ҷомеа ва тараққиёти муунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконпазир аст. Ҳамчунин давлат, дар раванди тараққиёт бе такя ба Сарвари оқилу дурандеш наметавонад механизмҳои самараноки давлатдориро дошта бошад. Хушбахтон, халқи тоҷик сарварро дуруст интихоб карда тавонист. Сарвари кишвар ба ваъдаи дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додаашон вафо карданд. Исбот намуданд, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоно мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳама гуна низоъро гирифта метавонанд. Маҳз дар давраҳои вазнин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори миллат буда, вохӯриҳоро давом медоданд ва мардумро ба Ватан даъват менамуданд.
Албатта, ҳар миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдориро соҳиб аст. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиии хоси қавму миллатҳо, манфиати онҳо табиатан мавҷудуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохилию беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккур ва пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатиро мутобиқи менталитет ва хусусият таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад.
Рӯзи ваҳдати миллӣ. Ин ҷашн аз дигар ҷашну идҳо бо моҳияти созандагиву ободкориаш фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Хушбахтона, халқи мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қави, ирода ва матин мебошад, ки тавонистант моро аз хатари нобудӣ эмин доранд.
Омӯзгори фанни таърих дар ЛКСК
Холбоева Заррина