Тоҷикистон чун давлати мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми зиёда аз 20 сол бо ин зуҳуроти номатлуб, ки “вабои аср” меноманд, мубориза бурда истодааст. Шурӯъ аз 16-уми ноябри соли 1999, дар кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ дар бораи мубориза бар зидди тероризм “ қабул када шуда, он ҳама гуна муносибатҳо бо амалиёти терористӣ вобастаро ба танзим медарорад. Дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур мафҳуми “тероризм” ҳамчун зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи, нобуд сохтанд амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеии ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хафнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амният ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё барои расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ шарҳ дода шудааст. Барои мубориза бо ин муаммо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зарурӣ меандешанд ва соҳиби таҷрибаи муайяне низ гардидааст.
Мушкили асосӣ дар он аст, ки ин гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ ба сафи худ асосан ҷавононро ҷалб мекунанд, ки дар сиёсат ба дараҷаи кофӣ сарфаҳм намераванд ва оид ба асосҳои дини мубини ислом дониши нокифоя доранд, аммо соҳиби ҳиссиёти максимализм ва боварӣ ба донишу қувваи худ мебошанд. Қисми асоси аҳоли Тоҷикистонро ҷавонон ташкил мекунанд, ки бархе аз онҳо барои бадаст овардани даромад ба кишварҳои дигар роҳсипори мекунанд ва бо душвориҳои зиёд дучор шуда, ба ташкилотҳои терористӣ ва ифротӣ пайваст мешаванд.
Бояд қайд кард, ки як нақар ё як давлат наметавонад бар зидди ин душмани хатарноктарини ҷомеа мубориза барад. Барои решакан намудани ин таҳдид амали якҷоя, боварӣ, садоқат ва пеш аз ҳама, инсондӯстии башарият лозим аст.
Омӯзгори фанни таърих дар
МДТ ЛКСК н. Шаҳристон Абдураҳимова Ҳилола