Истиқлол неъмати бебаҳо

Чоп

 

 

Дар ҳақиқат истиқлол ин як неъмати бебаҳо буда, барои ба даст овардани ин неъмат миллати тоҷик талошҳои бисёре кардааст. Дар даврони истиқлол Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвадоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, боло афзуда истодааст.Истиқлол ин самараи ҷоннисориву қаҳрамониҳои мардони майдон, ашки сӯзону шабзиндадорӣ ва фиғонҳои ҳазорон модарон мебошад. Аз ин сабаб мо ҷавонон ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва дастовардҳои ин давлати азизу маҳбубро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои пешрафти Ватани азизамон ҳиссаи худро гузошта аз ҳар гуна хоинони миллати тоҷик ҳифз намоем то ин ки ин миллатфурӯшон ба Тоҷикистони азизамон ягон амали номатлуби худро содир нанамояд. Мо ҷавонон ваъда медиҳем, ки Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои пешрафти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи худро дареғ намедорем.

Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими

анъана ва ҷашну маросими

МИМҲД-и н. Шаҳристон          Юнусов Носирҷон