Аммо, ки имрӯзҳо симои аслии хоинони миллат ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ҷазои хоинони миллат чунин аст, ки ин гуна шахсони фитнаангез ва миллатфурӯшонро на ҷомеа ва на Ватан нахоҳад бахшид. Ин гуна шахсон на Ватан доранду на миллат инҳо ҳамон нафарҳое мебошанд, ки дар давлати тоҷик ба камол расида боз мехоҳад давлате, ки ба камол расиду нону намаки ҳамин сарзаминро хӯрд пош диҳад. Аз ҷойе, ки шукургузорӣ намояд бо сад бӯҳтони дурӯғаш мехоҳад Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон паст занад. Аслан ин нафарон ҳеҷ гоҳ ба фоидаи мардум ё ин ки давлат кор намекунанд ва доим мухолифи давлат мебошанд. Ин палидони маккор бояд бидонанд- таърих гувоҳӣ он аст, ки миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвари худ ҷон супориданду иҷозат надоданд, ки пойи ин нохалафон вориди сарзамини аҷдодиашон шавад.
Аз ин сипас мо ҷавонон, ки дар чунин айёми созандагиву бунёдкорӣ оромиву амният ва айёми гулгулшукуфонии ватан ба дунё омадаем, ва мо бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт, яъне мамлакати тинҷу осуда бирасем. Ва онро аз ҳар гуна хоинони миллат ва мухолифон ҳифз намуда ба пешрафт ва тараққиёти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи худро дареғ надорем.
Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими
МИМҲД-и н. Шаҳристон Юнусов Носирҷон
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст имрӯзҳо дар саросари давлатҳои дунё хатари терроризм паҳн гашта истодааст, ки ин боиси харобию марги ҳазорон нафар аҳолии осоиштаи дунё мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам низ чунин амалҳои андӯҳангез дида мешавад. Ин гуна шахсони миллатфурӯш мехоҳанд давлати тоҷикро бо ҳар гуна дурӯғҳо ва фитнаангезиҳо пош диҳанд ва мехоҳанд ба иқтисодиёт ва сохти конситутсионӣ барҳам диҳанд. Аммо, ки имрӯзҳо симои аслии хоинони миллат ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ҷазои хоинони миллат чунин аст, ки ин гуна шахсони фитнаангез ва миллатфурӯшонро на ҷомеа ва на Ватан нахоҳад бахшид. Ин гуна шахсон на Ватан доранду на миллат инҳо ҳамон нафарҳое мебошанд, ки дар давлати тоҷик ба камол расида боз мехоҳад давлате, ки ба камол расиду нону намаки ҳамин сарзаминро хӯрд пош диҳад. Аз ҷойе, ки шукургузорӣ намояд бо сад бӯҳтони дурӯғаш мехоҳад Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон паст занад. Аслан ин нафарон ҳеҷ гоҳ ба фоидаи мардум ё ин ки давлат кор намекунанд ва доим мухолифи давлат мебошанд. Ин палидони маккор бояд бидонанд- таърих гувоҳӣ он аст, ки миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвари худ ҷон супориданду иҷозат надоданд, ки пойи ин нохалафон вориди сарзамини аҷдодиашон шавад.
Аз ин сипас мо ҷавонон, ки дар чунин айёми созандагиву бунёдкорӣ оромиву амният ва айёми гулгулшукуфонии ватан ба дунё омадаем, ва мо бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт, яъне мамлакати тинҷу осуда бирасем. Ва онро аз ҳар гуна хоинони миллат ва мухолифон ҳифз намуда ба пешрафт ва тараққиёти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи худро дареғ надорем.
Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими
МИМҲД-и н. Шаҳристон Юнусов Носирҷон