Экстремизм ва терроризм

Чоп

Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ҳама гунна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамоянд. Наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зӯроварӣ ва бадбиниву адоват аст, зеро дар он намунаҳои зиёди инсондӯстию таҳаммулгароиро ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам дар сатҳи амалӣ, пайдо кардан душвор нест. Чуноне, ки Президенти кишвар дар яке аз суханронии худ таъкид намуда буданд «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст». Аксари равшанфикрон бар ин андешаанд, ки ҳамаи воқеаҳои дар ҷомеаҳои мусулмонӣ арзи вуҷудкарда, натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ ва забткориҳои кишварҳои Ғарб тайи асрҳои охир аст.  Вале, бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрӯзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд доранд, намегузоранд, ки ин тамаддун ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад.

 

Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад. Маҳз маънавиёти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ, тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо эмин нигоҳ медорад.

Дар ин заимна бояд ҳар яки мо ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Шаҳристон                                Мирзозода М.