Дар тамоми гӯшаю канори кишварамон тамоми маҳсулотҳои ғизои ба таври фаровон, таъму маззаи ба худ хос дорад. Кас аз чашидани меваҳои тару тозаи кишварамон ҳаловат мебарад. Тоҷикистон дорои обҳои софу ширин мебошад, ки хусусияти шифои дорад. Дар тамоми марзу буми ватанамон боғҳои дилфиреб, гулгаштҳои зебо қомат афрохта, тамоми сокинон озодона сайру гашт карда, аз бӯи хуши гулҳо, овози форами парандаҳо ҳаловат мебаранд. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри ин ободиву озодӣ, ин нозу неъмати худодод бирасад ва Тоҷикистони биҳиштосоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
З.Ғоибова