Вале, бояд ёдовар шуд, ки дар баробари соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ омад.
Мисоли ин воқеаҳои солҳои 90-ум, ки давраи мудҳиштарин сабт гардид ва ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз рушд бозмонда, рӯ ба харобшавӣ оварда расонд. Дар қатори ин соҳаи маориф, ҳамчун соҳаи асосӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳисоб соқит нест. Паст шудани сифати таълиму тарбия, паст ва ноҷоиз гардидани маош, фаъолияти омӯзгориро тарк намудани омӯзгорон боиси афзуншавии миқдори ҷинояткориву қонуншиканӣ дар байни ҷавонон гардид. Хушбахтона, имрӯзҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар соҳаи маориф ва бо баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум сатҳи ҷинояткорӣ хеле паст гашт. Аммо ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд, қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳое, ки бо иштироки ҷавонон ва ноболиғон содир гаштаанд.
Аз ин рӯ мутахассисон ва омӯзгоронро мебояд, чунин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, чораҳои мушаххас ба кор баранд.
Боиси таассуф аст, ки наврасон ба ҷои таҳсил дар мактабҳо даст ба ҷиноят мезананд. Вале ҷинояткорӣ дар байни дар байни наврасон дар ҳар давру замон ба назар мерасид. Барои гирифтани сари роҳи ҷинояткори дар байни ҷавонон ва наврасон, бояд хусусиятҳои психологии синну соли наврасонро дониста бошем.
Яке аз сабабҳои даст ба ҷинояткорӣ задани ҷавонон ин бекоргардиву оварагардӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои маишӣ ва ғайра мебошад. Чи тавре,ки педагоги машҳури рус А.С. Макаренко ба муаллимон изҳор доштааст, ки шогирдон ҳаргиз бекор нагузоранд, доимо онҳоро ба ягон коре машғул доранд, зеро сабаби ҳамаи нохушиҳо, содир кардани ҷиноятҳо ва зиёдшавии сафи онҳо маҳз аз бекорист. Дигар ин аз беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати тарбияи фарзандони хеш ба ин тариқ паст гаштани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои ҷиноятпеша гаштааст. Воқеан қисмати зиёди вақти наврасону хонандагон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, аз ин лиҳоз волидонро мебояд барои дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намудани фарзандон ба тарбияи онҳо ҳарчи бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.
Лукмони Ҳаким мегӯяд: фарзанди нохалаф монанди марди шашангушта аст, агар бибури, дард кунад ва агар набурӣ, айб бувад.
“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расид, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. (Муҳаммад Ғаззолӣ)
Тарбияи фарзанд дар оила, мактаби аввалини насли наврас мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як падару модарро зарур аст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намудан, фарзандони худро бо роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва иштирок намудан ба корҳои ҷамъиятӣ ва ободиву созандагии Ватани азизамон тарбия намоянд.
Муллоева Матлуба
Мудири бахши иттилоот ва таблиғоти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон