Ватан ифтихор ва ватандорӣ саодати мост

Чоп

 

 

Оре, Ватан як воҷаи  бузургу муқаддас ва  сарзаминест, ки зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷугурофия,  имлму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як харқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фидои бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ба андешаи бузургон сарзамини поки  ниёгонашро  дӯст дорад, садокати бепоён ба он  дошта бошад, арзишҳои  миллӣ ва  дастовардҳои  истиқлолияти кишваррро ҳифз намояд. «Дӯст доштани Ватан – нишонаи ватандорист аст».

Ягонагии сарзамини мо аз худи мо  вобаста аст.  Бинобар ин ба ҳар гуна  суханҳои  бардурӯғу фитнаангези гурӯҳҳои   ҷудоихоҳ ва хоинони давлату  миллат гирифтор намешавем ва  ватанамонро боз ҳам ободтар  омоем.

Имрӯзҳо он  ҳодисаву  омилҳое, ки дар  минтақа авҷ гирифта идома доранд, ҳар як  тоҷику тоҷикистониро водор месозад, ки  зиракии сиёсиро аз даст надода, амну субот ва оромии дохилии  кишвари азизамонро  ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, атрофи Пешвои миллат ва сиёсати инсонмеҳваронаи ӯ муттаҳид гардем.

Бинобар ин, мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар  маҷрои ҷаҳонишавӣ  бо дарки  масъулият, истиқлотияти худро натанҳо бо шиору гуфтор,  ситоишу парастиш ,  балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар  ҳама  соҳаҳо  таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос  набошем ва барои таълиму тарбияи  наврасон ва  ҷавонон да руҳияи  ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо  ба корҳои  созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият,  таҳким бахшидани  Ваҳдати миллӣ  саҳмгузор бошем.

 

Омӯзгори фанни таърих                       Абдураҳимова Ҳ