Барои падару модар аз камоли фарзанд, шодиву сурури он дигар ганҷи қимате нест. Мутаассифона, дар байни падару модарон шахсоне дида мешавад, ки ба молу ҷоҳ фирефта шуда ҳаёти худ, ҳаёти оилаи худ, ҳаёти атрофиён ва ҳаёти тамоми халқро ба хатар мегузоранд. Ба зумраи ин гуна «шахсиятҳо» шомил мешаванд Амриддин Табаров, Ҳусайн Абдусамадов ва Носихоҷа, ки ба ин гуна номҳои пурмазмун нолоиқанд дида метавонем. Суоле пеш меояд, ки ба номбурдагон чӣ намерасида бошад? Аз тамоми ганҷҳои дар боло гуфташуда баҳравар ҳастанд. Аммо ба Ватан хиёнат кардаанд. Оё хиёнат ба Ватан бахшиданӣ аст? Асло, иштибоҳ бахшанда асту хиёнат не. Сайид Қиёмиддин, Сатторов Айёмиддин, Раҷабов Хуршед, Сайидалиев Салом, Кузов Муслим, Ризвонов Аҳмадзоир, Исломов Дилшод, Кузов Мирзораҳим ба гирдоби ин ташкилоти ба ном аз «одамон» ташкилшуда шомил шудаанд. Террористон ба худ дини мубини Исломро ниқоб карда аз паси парда корҳои ношоистаи хешро амалӣ сохта истодаанд. Мардуми тоҷик худ қазова кунед , ки дин ин одоб аст. Дин ин ахлоқ аст, дин ин ҳурмату эҳтиром ба калонсолону хурдсолон аст, дин на куштор асту истисмор. Дар куҷое дидед, ки мусалмон мусалмонро кута бошад. Дар куҷое мушоҳида кардаед , ки аз тарафи мусалмон масҷит тарконида шавад. Дар куҷое мушоҳида кардаед, ки Зан- модар офаридгори дувум аз тарафи мусалмон хору залил гардонида шуда бошад. Ин ҳама рафтору кирдори ношоистаи террористон аст. Амалҳое , ки онҳо кардаанд ғайр аз зӯроварию зиёнкорӣ дигар чизе нест. Ҳамаи он ҳаракатҳо танҳо барои манфиати худ , яъне барои пулу молу ҷоҳ аст. на барои манфиати халқ аст. Халқи тоҷик дӯстдори амният, тинҷиву осоиштагӣ аст. Шахсоне, ки имрӯз тинҷии моро халалдор месозад халқу миллат нафрат ба онҳо дорад. Ман ҳамчун як ҷузъи халқи меҳанпарвар нафрат ба ин гуна хоинони Ватан дорам.
Омӯзгори забон ва адабиёт Бобобекова М.