Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.
Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Корнамоиҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ватан ин ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.
З.Ғоибова