Ҳамроҳ шави ҷавононро ба гуруҳҳои тероризм

Чоп

Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ  ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ мебошад. Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекарда бошанд. Вале дар асл маънии «ҳиҷоб» парда ва «сатри аврат» – пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне пӯшонидани аврат тавассути либос. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру» «ҳиҷоб» сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест, ҳатто либоси мотамии  мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва дар ҳеҷ як давру замон низ дар ватани мо роиҷ набуд.

 

 

 

 

Қаюмов А