Терроризм ва экстримизм

Чоп

 

 

Чунин рӯйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи мухими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.

Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иҳгисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсата хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғаӣраро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи баӣналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.

Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст.

Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Чумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш паӣдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилота аср ва тахдидҳои нав ба тамадӣуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатго такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлатӣ исломӣ» capкарда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австрия, ки дар нашрия ва саӣтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ин андешаро дар зеҳни онҳое, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро боз ҳам бадномтар.