Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия (Сарқонун)-и ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд.
Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия (Сарқонун) муайян гардидааст. Кафили Конститутсия (Сарқонун) бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар партави ин санади зиндагисоз Ҳукумати кишвар бо сарварии Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани обрўю эътибори Тоҷикистон боз ба чунин нуктаҳои талаботи Конститутсия (Сарқонун) эътибори махсус ва ҷиддӣ дод:
Пеш аз ҳама, таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид;
Дуюм, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромўзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ;
Сеюм, таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модарӣ дар зиндагӣ ва тадрис, ҳаракат ва алоқаи бемамониат, ки ин ҳама бо роҳи шароити васеъ фароҳам овардан ба амали забонҳои гуногун дар қаламрави мамлакат, ривоҷи соҳибкорию тиҷорат дар тамоми нуқтаи олам ва пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути бунёди шоҳроҳҳо ба амал бароварда шуданд;
Чорум, таҳкими ҳуввияти миллӣ, рў овардан ба асолати худшиносию худогоҳӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандўстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлилу бузургдошти ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;
Панҷум, таъмини озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат ва ғайра.
Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони ҳодисаҳои чашмнодида ва гўшношуданидаи катаклизми умумиҷаҳонӣ, ки мамолики гуногуни олам аз офатҳои табиию бемориҳои вогир ва нарасидани озуқаю оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар мамлакати рушдёбандаи мо ҳам соли гузаштаю соли равон чунин ҳодисаҳо рух доданд. Вале давлат нагузошт, ки шаҳрвандонаш бе хонаю ҷой, бе сарпаноҳу бе озуқа монанд. Дар муддати кўтоҳ ҳам барои сокинони Кўлобу ҳам барои сокинони Айнию Панҷакент биноҳои замонавии муҷаҳҳаз сохта, бо тамоми ашёи рўзгор ба истифода дода шуданд.
Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Душвортарин муаммои мо дар зарфи бист як сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони туннели Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд дар мўҳлатҳои наздиктарин ба кор медароянд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон бо суръат идома доранд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ва нақби Шаршар ба истифода дода шуданд.
Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Чунонки таъкид гардид, ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷў мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.
Хушбахтона, чунин рўз ҳам фаро расид: 27 июни соли 1997 дар Москва – пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рўзи муборак Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрўза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Президент аз ҷумла мегўянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рў, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Ба тамоюлҳои ғаразнок иқдомоти созандаро роҳбарияти давлати мо муқобил гузошта, обрўю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Чунончӣ, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 басо рамзӣ буд. Ҳамин тавр, паси ҳам саъю эҳтимоми мамлакати мо дар муқаррар шудани «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ва ҷонибдорӣ ёфтани таклифҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тозагии муҳити зист ва ҳифзи сайёра дастовардҳое буданд, ки мавқею манзалати кишвари моро дар арсаи олам муқаррар менамоянд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Озодии виҷдонро Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Ба тамоми мардуми эътиқодманди кишвар маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳақиқии барпо кардани ҷашнҳои 1310-солагии роҳбари мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шайхҳои бузург Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Имом Fаззолию Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти калон доранд. Аз ин лиҳоз ҳар иду маросим ҳадафҳои махсуси худро дорост ва бешубҳа ба ягонагии рўҳию маънавии ҷомеа, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон, наҷобати хайрхоҳию ҳамдигарфаҳмӣ, дўстию рафоқати одамони касбу кори гуногун бетаъсир нахоҳад монд.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрўз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрўзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархўрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дўстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугўи тамаддунҳо ҳарф занем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.
Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».
Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рўз аз рўз таҳкиму густариш меёбанд.
Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳан-гии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин, мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд ва ҳоло мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти худро ба фурўш мебароранд. Дар ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ корхонаҳои азими коркарди пахта фаъолияти худро сар карданд. Дар назди ин корхонаҳо коргоҳҳои бофандагӣ, нассоҷӣ низ амал мекунанд, ки барои натиҷаи ниҳоӣ шароит фароҳам меоваранд.
Татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009 имкон доданд, ки густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардумро тадриҷан таъмин гардонем.
Дар соҳаҳои илму маориф, тиб, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ як силсила ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнок муайян карда шудаанд. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардани беш аз 50%- и буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба бунёд, таъмир ва аз навсозии инфраструктураи иҷтимоии соҳа пешравиҳои назаррас мушоҳида карда мешаванд.
Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд.
Мо бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем. Бовар дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба ҳалли ин масъалаҳо ноил мегардем.
Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.
Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 21-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.
Соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли барқии 500 кВт “Ҷануб – Шимол” сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар таъмин гардидани истиқлолияти энергетикии вилоят басо роли муҳим мебозад. Дар баробари ин сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 кВт “Хуҷанд – Айнӣ” натиҷаҳои хуб дод. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба иҷрои супориши Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф тадбирҳо андешида шуда, дар ҶСШК “Чароғ”-и шаҳри Исфара ва коргоҳи “Сомон”-и шаҳри Чкалов соли 2010 истеҳсоли лампаҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, дар маҷмeъ 120 ҷойҳои кории нав таъсис гардонид. Соли 2006 таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ» ва сохтмони нақби Шаҳристон бо арзиши 296 млн. доллари ИМА оғоз гардида, дар масофаи 354,1 км ба анҷом расонида шуд. Сохтмони нақби Шаҳристон бо суръат ҷараён гирифта, соли 2012 ба истифода дода мешавад.
Дар баробари истифода аз сармояи хориҷӣ, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда аз буҷети вилоят низ барои таҷдиди роҳҳои қаламрави вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда истодааст. Соли 2008 барои таъмири роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ғафуров» – 6,2 млн. сомонӣ, соли 2009 барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Чкалов – 7,0 млн сомонӣ, соли 2010- барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хуҷанд – 8 млн. сомонӣ ҷудо карда шуданд.
Дар ин давра дар вилоят сохтмон ва таъмиру тармими садҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва барқароркунии роҳҳою кӯпрукҳо, иншоотҳои мавриди истифода ба роҳ монда шуданд, аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар, муҷассамаҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ дар “Боғи Ваҳдат”-и ноҳияи Б.Ғафуров, литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов, мактабҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ғайраҳо вусъат ёфтанд.
Ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотҳои ҳаётан муҳим, ба мисли “Ҳавзи шиноварӣ”, “Кохи матбуот”, хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи истироҳатию солимгардонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор дода шуд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави вилоят бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 200 иншоот дар назар аст. Дар роҳи иҷрои яке аз самтҳҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон – аз бумубасти коммунакатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар нақби Шаҳристон дар моҳи сентябр мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки иҷрои ин амал дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар таъсири мусбӣ хоҳад гузошт. Ҳамчунин оғози корҳои таъмиру азнавсозии роҳи нақлиётгарди Айнӣ – Панҷакент идомаи ин самти муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, ки иҷрои ин корҳо танҳо бо шарофати оромии кишвар ва меҳнати бунёдгаронаи ҳар сокини диёр ба мо насиб гаштааст. Сокинони вилоят хуб медонанд, ки таъмири азнавсозии қасри сулҳовари «Арбоб» дар арафаи анҷомёбист ва он симои худро куллан дигаргун намуда, ба як маркази муҳими фарҳангию фароғатӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Дар подоши ғамхорию дастгириҳое, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат нисбати соҳибкорон иброз гардида буд, соҳибкорони бонангу ор ва бо саховату бунёдкори вилоят ба чанд иқдоми наҷиб аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фароғатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаву марказҳои савдо машғул шудаанд, ки иҷрои ин амалҳо дар баробари симои маҳал ва марказҳои аҳолнишинро дигаргун намуданд, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва фаровонии маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Мардуми вилоят тасмим гирифтаанд 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистонро низ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва таъмини нақшаю ӯҳдадориҳои меҳнатӣ сазовор таҷлил намоянд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХ1 ва ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтанием:
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати
Конститутсия
Конститутсияи Чумхурии Точикистон чихеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиклоли давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони сохибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад.
Инак санаи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 22 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми Мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу суббот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурўъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф якумин тағйиру илова ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касби – Мачлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси мақоми нави дастаҷамъӣ – Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Сипас, мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлия таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд». Ҳамин буд, ки як гурўҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд. Ин пешниҳоди намояндагони халқ, иборат аз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳое буданд, ки дар зарфи солҳои 1992—2003 ба даст омаданд. Тағйиру иловаҳо масъалаҳои зеринро дар бар мегирифтанд: 1. Арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мӯҳлати ваколати Президент 7 солӣ на бештар аз ду муҳлат пай дар пай, мӯҳлати ваколатҳои судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд инчунин муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ.
Ҳамин тавр бори дуюм – 22 июни соли 2003 ба 56 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.
Тағйиру иловаҳои сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Инчунин бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, воҷаву таркибот тибқи меъёрои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайдони соҳаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Бори сеюм ба 41 банди Конститутсияи ҶТ тағийру иловаҳо ворид карда шуд.
Омӯзгори МТМУ 14 Ғоибова М.