Сомонаҳои ифротгарои терроризм
Дар ин давра, мутассифона, падидаҳои номатлубе низ арзӣ ҳасти кардданд, ки онҳо тероризму экстримизм ном гиррифтаанду барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста хатар эҷод мекунанд, боиси фоҷеаҳо мешаванд. Ҷаҳонбиниву андешаву ҳадафҳое, ки гурӯҳҳои терористиву экстримистӣ ташвиқу пайгири мекунанд, ба қонуниятҳои рушду нумӯи ҷомеа созгор нестанд, ба пешрафту гулгулшукуфоии ҷамъият халал эҷод менамоянд. Марому мақсади нахустини терроризм халалдору ноором сохтани оромиву осоиштагию амнияти мардум, коштани тухми адоват, тарсу ҳарос байни аҳли сайёра, воҳимаангезию ивғогарӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти бадастомадаи коршиносону ҷомеашиносон ва таҳлилиу мушоҳидаҳо, омилҳои зерин ба густариши ифротгароӣ ва тундгароиро дар Тоҷикистон ба таври мустақим таъсир мерасонанд. Омода набудани ҷавонон аз нигоҳи мафкуриву сиёсӣ, инчунин ба ифодаи дигар маълумоти комил надоштани онҳо аз мазмуну моҳият ва таълимоти ахлоқию фикрии дини мубини ислом мебошанд. Ба таври дигар кӯтоҳандешӣ ва гумроҳии қисме аз шаҳрвандони моро ҳатто ба минтақаҳое бурдааст, ки ҷангзадаву ноором асту баъзе аз онҳо дар амалиётҳои зиддиинсонӣ ширкат меварзанд ва хуни ноҳақ мерезанд.
Абдуқаҳоров Э