РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

Чоп

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем.   Дар байни муҳаққиқон доир ба пайдоиши терроризм ақидаҳо гуногун аст. Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай анҷом дода шуд бар ин ақида аст, ки ҳама гуна куштори сиёсӣ терроризм аст ва дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонад. Гурӯҳи дигар, терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каҷдум»-ро пеши назар меоварад. Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором. Коршиносон терроризмро ба ду гурӯҳ-дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо намуданд. Терроризми дохилӣ, вобаста ба субъектҳои худ ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва терроризми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Терроризми байналхалқӣ бошад, ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо мешавад.

 

Қобилзода С