Бинобар ин бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурданамон лозим аст. Имрӯз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоянд. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.
Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили "Ал-Қоида", "Ҷундуллоҳ", "Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон", "Ҷиҳоди ислом", "Ҳаракати Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло мебардоранд, ки мо ба ин гурӯҳою ҳаракатҳо роҳ надиҳем. Махсусан, ба ҷавонон ва бо таълиму тарбия фаро гирифта шудани онҳо ва азхуд кадани касбу ҳунар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳангу тамаддуни башарӣ, ташвиқу тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Корманди КАТС Каримов Ч