Бояд зикр намуд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин як нафар хиёнаткорест, ки ба шаъну шарафи халқу миллати тоҷик, ҳукумати мамлакат ва наздикону ақрабои мо суханони ноҷо мегӯяду иғвоангезона мисли тӯтии дар қафас ночор нишаста месарояд. Касе парвои онро надорад, ки ӯ чи мегӯяду чӣ лоф мезанад. Танҳо шахсони ба худ монанд, яъне иғвогарону фитнаангезон фирефтаи суханони бемағзи ӯ гирифтор мешаванд.
Эй, хоини миллат ту ба ғайр аз кофтукови хабарҳои пучу иғвоангез дигар коре надорӣ?
Мо бо боварии том гуфта метавонем, ки ягон нафар мардону ҷавонони бонангу номуси тоҷик фирефтаи суханони бемағзи ту гӯш намедиҳанд. Ту вақти худро барои ҷамъ намудани маълумотҳои шахсии дигарон сарф нанамою барои солимгардонии худ нигарон соз, зеро ту солим нестӣ.
Мо хуб дарк менамоем, ки шахсе, ки барои миллати тоҷик кӣ неку мекунаду кӣ баъдӣ. Мо танҳо як миллат, як Пешво, як дин, як макон ва як такягоҳ дорем. Намегузорем, ки шахсони ифротгаро мисли ту барин сагони лаққӣ ба тинҷию оромии мо халал ворид созад.
Қайд намудан бамаврид аст, ки худи Муҳаммадиқбол барои миллати тоҷик чӣ фоида овард, ки дигаронро зери таҳқир мегирад. Ӯ фақат гапҳои бемаънову пур аз туҳмату иғво мегӯяду халос.
Аз либоси пӯшида то истифодаи ашёҳои занона сухан кардан кори мардон нест. Ягон марди бонангу номуси тоҷик намегузорад, ки ту барин хоинони миллат нисбати миллати мо суханони қабеҳ гӯяд.
Мо фирефтаи суханони ту намешавему нахоҳем шуд.
Муҳиддинов Б.